Роналду – беҳтарин нишонзани асри XXI

Роналду – беҳтарин нишонзани асри XXI

Ҳамлагар Криштиану Роналду мувофиқи Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) беҳтарин нишонзани лигаҳои миллӣ дар асри XXI гардид.
Дар ин радабандӣ ҳамаи голҳои аз соли 2001 то 2020 зада шударо ба назар гирифтанд. Роналду дар ин муддат 462 маротиба тури дарвозаи рақибонашро рахна кардааст. Форварди “Барселона” Лионел Месси бо 451 гол дар мақоми дуюм қарор гирифт. Зинаи сеюмро Златан Ибрагимович, ки 379 гол ба самар расонид, ишғол намуд.