Роналду бо Президенти ИМА - Доналд Трамп мулоқот кард
Футболбози тими миллии Португалия Криштиану Роналду ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Кохи Сафед дар зиёфат иштирок кард ва бо оилаи президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот кард. Дар ин бора нашрияи ESPN хабар додааст.
Рӯзи сешанбе, Трамп шоҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмонро дар Кохи Сафед пазироӣ кард. Роналду дар клуби “Ал-Наср” бозӣ мекунад ва ба шарафи шоҳзода ба ин чорабинӣ даъват шудааст.
Трамп аз футболбоз барои иштирок ташаккур гуфт. Президенти ИМА гуфт, ки писари хурдиаш - Баррон Трампи 19-сола, мухлиси ашаддии Роналду аст.
"Баррон ва Криштиану вохӯрданд. Чунин ба назар мерасад, ки Баррон ҳоло ба падараш каме бештар эҳтиром мегузорад, танҳо аз он сабаб, ки ман онҳоро муаррифӣ кардам", - гуфт Трамп.
Ёдовар мешавем, ки Роналдуи 40-сола панҷ маротиба барандаи "Тӯби тиллоӣ", панҷ маротиба барандаи Лигаи Чемпионҳо, қаҳрамони Аврупо, ду маротиба барандаи Лигаи Миллатҳо ва беҳтарин голзан дар таърихи дастаҳои миллӣ, чемпионатҳои Аврупо ва Лигаи Чемпионҳо мебошад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи якшанбе, тими миллии Португалия ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад, роҳ ёфт.