Роналду дар Арабистони Саудӣ рекорди нав гузошт!

27-уми май «Ал-Наср» дар бозии даври 34-уми Лигаи Арабистони Саудӣ «Ал-Иттиҳод»-ро қабул кард. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 2 анҷом ёфт.
Муаллифи ду голи “Ал-Наср” ҳамлагар Криштиану Роналду буд. Барои бозигари португалӣ голҳо дар мавсими ҷории Про-Лига 34-ум ва 35-ум буданд.
Тибқи иттилои ESPN, Роналду рекорди чемпионати Арабистони Саудиро аз рӯи шумораи голҳо дар як мавсим нав кард. Пеш аз Роналду рекордсмен бозигари марокашӣ Абдурразақ Ҳамдалла буд, ки дар мавсими 2018/19 дар тими “Ал-Наср” 34 гол зада буд.
Ҳамчунин, Криштиану Роналду дар чаҳор чемпионате, ки бозӣ кардааст беҳтарин нишонзан шудааст: Премйер-Лига (Англия) , Ла Лига (Испания), Серияи А (Италия), Про Лига (Арабистони Саудӣ).