Роналду дар ҳайати Португалия бо ҷоизаи "Quinos de Ouro 2022" қадрдонӣ карда шуд!

Роналду дар ҳайати Португалия бо ҷоизаи "Quinos de Ouro 2022" қадрдонӣ карда шуд!

Криштиану Роналду барои беҳтарин нишонзани тими миллӣ буданаш бо ҷоизаи "Quinos de Ouro 2022" сарфароз гардид.

«Умедворам, ки чанд соли дигар дар ҳайати тими миллӣ бошам. Орзуҳои ман бузурганд. Ман то ҳол худро хеле рӯҳбаланд ҳис мекунам. Сафари ман бо даста ҳанӯз ба охир нарасидааст. Дар дастаи яккачини мо ҷавонони боистеъдод бисёранд. 

Дар пеш моро Чемпионати Ҷаҳон интизор аст ва ман мехостам, ки дар чемпионати Аврупо низ ширкат варзам», — гуфтааст Роналду. 


Криштиануи 37-сола дар як маросими тантанавӣ ин суханҳоро баён намуд.  Федератсияи футболи Португалия ба ӯ ҷоиза барои рекорди шумораи голҳо дар ҳайати тими миллӣ (117) тақдим кард. Роналду беҳтарин нишонзан дар таърихи тимҳои миллист.