Роналду дастаашро иваз мекунад

Роналду дастаашро иваз мекунад

Ҳуҷумкунандаи тими мунтахаби "Португалия" Криштиану Роналду хоҳиш дорад, ки дастаи "Ювентус"-ро тарк намояд. Бозингари португалӣ дастаҳои "ПСЖ" ва "Манчестер Юнайтед"-ро писандидааст ва мехоҳад ба яке аз ин дастаҳо гузариш кунад. Дар ин бора Diario Gol хабар медиҳад.

Эҳтимоли зиёд аст, ки Роналду ба дастаи "ПСЖ" гузариш кунад, чунки бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" дар мусобиқаи ЛЧ имкони ширкат варзидан надорад. Роналду дар ҳайати "девҳои сурх" аз соли 2003 то соли 2009 ҳунарнамоӣ карда буд.

Роналду тобистони соли 2018 аз дастаи "Реал Мадрид" бо маблағи 117 млн € ба дастаи "Ювентус"-и шаҳри Турин гузариш карда буд. Шартномаи бозингари 35 сола бо дастаи мазкур то 30-юми июни соли 2022 ба имзо расидааст. Арзиши Роналду ҳоло дар бозори трансфери 75 млн € мебошад.

Дар мавсими ҳозира Роналду дар 35 бозии дастаи "Ювентус" ба майдон баромада, дар ҳисоби хеш 25 гол ва 4 партофти головар дорад.