Роналду имшаб ба майдон мебарояд?

Роналду имшаб ба майдон мебарояд?

Имрӯз, бошгоҳи "Ювентус" дар даври 9-уми Серияи А дар сафар бо дастаи "Беневенто" рақобат хоҳад кард. Ба гуфтаи рӯзноманигор, Ҷанлука Ди Марсио, ҳамлагари дастаи "Ювентус" Криштиану Роналду дар ин бозӣ ширкат нахоҳад кард, зеро сармураббии даста, Андреа Пирло тасмим гирифтааст, ки ба ӯ истироҳат диҳад.

Дар мавсими имсола, бозингари португалӣ дар Серияи А бо пироҳанҳои "Ювентус" 5 бозӣ гузаронида, 8 гол ва як партофти головарро ба номаш сабт кардааст .