Роналду исмашро ба таърих ворид кард, зеро...

Роналду исмашро ба таърих ворид кард, зеро...

Футболбози португалии «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду аввалин нафаре дар ҷаҳон шуд, ки дар шабакаи иҷтимоии Instagram обуначиёнаш аз 500 миллион гузашт. 

Танҳо саҳифаи расмии худи шабакаи иҷтимоӣ бештар обуначӣ дорад (570 миллион). Футболбози аргентинӣ Лионел Месси 376 миллион обуначӣ дорад.

Моҳи октябри соли 2021 Роналду бо як пост дар бораи ҳомиладории дӯстдухтараш Ҷорҷина Родригес рекорди нав аз рӯйи лайкро (беш аз 27 миллион) ба номаш сабт намуд.