Роналду : “Ман беҳтарин бозигар дар таърихи футбол ҳастам...”

Ҳамлагари португалии тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду оиди беҳтарин бозигарон дар таърихи футбол ибрози назар намуд.
“Ба одамон Месси ё Марадона писанд аст ва ман инро эҳтиром мекунам, аммо ман комилтарини онҳо ҳастам. Ман беҳтарин бозигари таърих ҳастам. Ман ҳеҷ гоҳ касеро беҳтар аз худ надидаам... Ман дар сар задани тӯб хуб ҳастам, дар зарбаҳои ҷаримаӣ хуб ҳастам, суръати баланд дорам, пурқувват ҳастам, ҷаҳиши олӣ дорам”, - гуфт Роналду дар мусоҳиба бо La Sexta.
Ёдовар мешавем, ки Роналду барандаи панҷкаратаи Лигаи Чемпионҳо ва “Тӯби тиллоӣ” аст. Дар ҳайати тими миллии Португалия дар соли 2016 қаҳрамони Аврупо ва дар соли 2019 барандаи Лигаи Миллатҳои УЕФА шудааст.
Сарчашма: La Sexta