Роналду нияти тарк кардани “МЮ”-ро дар ин мавсим надорад!

Роналду нияти тарк кардани “МЮ”-ро дар ин мавсим надорад!

Криштиану Роналду нияти тарк кардани “Манчестер Юнайтед”-ро дар ин мавсим надорад.

Як рӯз пеш пойгоҳҳои хабарӣ, иттилоотеро паҳн карданд, ки  ҳамлагари португалӣ аз фаъолияти заифи  "Манчестер Юнайтед" дар бозори трансфер норозӣ аст ва ба ин далел метавонад,  тарки бошгоҳ  кунад. Хабарҳое ҳам буданд, ки Роналду имкони гузариш ба “Бавария” ва “Ювентус”-ро дорад.

Аммо ба иттилои Sky Sports, ҳамлагари 37-сола нияти иваз кардани дастаро надорад ва дар авоили моҳи июл тамрини пеш аз мавсимро дар ҳайати “девҳои сурх” оғоз мекунад.

Дар мавсими солҳои 2021/2022, Роналду дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” дар ҳама мусобиқаҳо 38 бозӣ карда, ба задани 24 гол ва 3 партофти головар муваффақ шудааст. «Манчестер Юнайтед» дар ҷадвали Премер-Лигаи Англия дар зинаи шашум қарор гирифт ва натавонист ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад.