Роналду оиди муносибаташ бо Месси ҳарф зад

Ҳамлагари португалии тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду дар бораи рақобаташ бо ҳамлагари аргентинии бошгоҳи “Интер Майами” Лионел Месси ибрози назар кард.
“Мо давоми 15 сол саҳнаи футболро муштарак кардем ва ҳамеша муносибати хуб доштем. Дар ёд дорам, боре ҳатто чизеро ба ӯ ба забони англисӣ тарҷума кардам, ки ин хандаовар ва хотирмон буд. Ман ҳамеша бо Месси муносибати хуб доштам ва дар ҳайати дастаҳо ва мунтахабҳо мо рақобати солим доштем. Ҳамеша мо бо бозиҳои ҷолиби якдигар ҳамдигарро рӯҳбаланд мекардем”, аз суханони Роналду нашрияи бонуфузи испании Marca иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки Месси барандаи ҳашт “Тӯби тиллоӣ” мебошад. Роналду, дар навбати худ, дар тӯли фаъолияташ панҷ маротиба ҷоизаи бонуфузи “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шудааст.