Роналду рекорди Мессиро такрор кард

Роналду рекорди Мессиро такрор кард

Ҳамлавари марказии дастаи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду ба дарвозаи “Янг Бойз” гол ба ҳадаф расонда, рекорди ҳамтои худ Лео Мессиро такрор намуд.

Бозии дастаҳои “МЮ” ва “Янг Бойз” дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дар мавсими солҳои 2021-2022, дар гурӯҳи F сурат гирифт. Ҳарчанд Роналду дар ин майдондорӣ гол ба ҳадаф расонд, вале тимаш шикаст хӯрд. “Янг Бойз” 36-ум дастае мебошад, ки Криш дар марҳилаҳои гуногуни Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо ба дарвозаи он гол ба ҳадаф расонд. Лео Месси низ ба дарвозаи 36 дастаи иштирокчии ин мусобиқаи маъруфи аврупоӣ гол ворид намудааст, ки то кунун назир надошт. Ҳамакнун, ин ду ситораи оламшумули футбол аз рӯи ин нишондод баробар шуда, дар як сатҳ меистанд.