Роналду сахтарин лаҳзаи фаъолияташро нақл кард

Роналду сахтарин лаҳзаи фаъолияташро нақл кард

Барандаи панҷкаратаи "Тӯби тиллоӣ" Криштиану Роналду хотироти худро дар бораи оғози фаъолияти худро ҳангоми дар “Спортинг”-и Лиссабон дар синни ҷавонӣ гузаштанаш нақл кард.

"Аҳли оилаам бо ман видоъ гуфтанд. Онҳо айнаки сиёҳ пӯшиданд, аммо ман дидам, ки ашкҳо аз рухсораҳояшон мечакиданд. Ман бо ин тасвири ғамангез ба ҳавопаймо нишастам. Ин лаҳзаи душвортарин дар фаъолияти ман буд. Ман гиря кардам. Оилаи ман дар Мадейра боқӣ монд", - гуфт Роналду.