Роналду: “Тен Ҳаг дар “Аякс” корномаи ҷолибе дорад. Умедворем ,ки мавсими нав ҷоизаҳои бештарро ба даст меорем...”

Роналду: “Тен Ҳаг дар “Аякс” корномаи ҷолибе дорад. Умедворем ,ки мавсими нав ҷоизаҳои бештарро ба даст меорем...”

Криштиану Роналду дар мавриди таъини Эрик тен Ҳаг ба курсии сармураббигии дастаи “Манчестер Юнайтед” изҳори назар кард.

 “Он чизе , ки ман дар бораи ӯ медонам, ин аст.  Ӯ дар “Аякс” корномаи ҷолиберо дорад ва бемуҳобо мураббии ботаҷриба аст. Лек албатта ба ӯ вақт лозим аст.  Вай бояд тағйриоти заруриро дар ҳайати даста ба вуҷуд биёрад. Албатта, ман боварӣ дорам ,ки бо Эрик тен Ҳаг мо муваффақ мешавем. Мо хурсандем ва онро бесаброна дар бошгоҳ интизорем. Ман ба ҳама корҳои ӯ барору муваффақият мехоҳам. Умед мебандем , ки мавсими нав бо даста ҷоизаҳои бештарро соҳиб мешавем. “-гуфтааст Криштиану Роналду.

Мутахассиси ҳоландӣ мавсими ҷорӣ ба ҳайси сармураббии бошгоҳи шаҳри Манчестер ба кор шуруъ мекунад.