Роналду ва ҳамдастаҳояш дар дербии шаҳри Риёз ноком шуданд

Роналду ва ҳамдастаҳояш дар дербии шаҳри Риёз ноком шуданд

Дар доираи бозиҳои даври 15-уми чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Наср” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Фаҳдаи шаҳри Риёз баргузор гаридида, бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи тими “Ал-Ҳилол” анҷом ёфт.

Дар қисми аввали вохӯрӣ мо шоҳиди гол нашудем. Дар қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 64-уми бозӣ Сергей Милинкович – Савич аз ҳайати “Ал-Ҳилол” ҳисоби бозиро кушод. Дар идома дар дақиқаи 89-ум Александр Митрович ҳисобро дуболо кард. Дар дақиқаи 90+2 худи Митрович муаллифи дубл дар ин вохӯрӣ шуда, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт.

Пас аз ғалаба дар дербии шаҳри Риёз тими “Ал-Ҳилол” бо 41 имиёз дар садри ҷадвали мусобиқот мавқеашро устувор кард. “Ал-Наср” бо 34 имтиёз дар зинаи дуюм аст.

Ёдовар мешавем, ки “Ал-Наср” бозии навбатиашро рӯзи 5-уми декабр дар доираи бозиҳои охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Осиё муқобили “Исиқлол” дар шаҳри Душанбе доир мекунад. Оғози рақобат соати 21:00 аст.