Роналду ва Месси ҳамдаста мешаванд

Роналду ва Месси ҳамдаста мешаванд

Роҳбари бошгоҳи “Интер Майами” – Дэвид Бекхэм иқрор шуд, ки мехоҳад дар оянда ҳамлагари "Барселона" – Лионел Месси ва форварди "Ювентус" – Криштиану Роналдуро ба тим даъват кунад.

- Медонем, ки мухлисони мо мехоҳанд дар даста ситораҳои бузургро бубинанд. Мо аллакай бозингароне дорем, ба монанди Гонсало Игуаин ва Блез Матюди, ки дар дастаи мо медурахшанд. Аммо дар оянда мо мехоҳем ситораҳои ҷаҳонро ҷалб кунем. Бозингарон бояд ба даста мувофиқат кунанд ва ҳанӯз ҳам орзу доранд барои пирӯзӣ кӯшиш мекунанд. Албатта, мо ҳамеша мехоҳем бозигарони олиро ба мисли Месси ва Роналду ҷалб кунем. “Майами” барои ҳама ҷои хубест, - гуфт Бекхэм.

Дар мавсими ҷорӣ Мессии 33-сола 32 бозӣ гузаронида, 24 гол зада, 9 партофти головар анҷом додааст. Роналдуи 36-сола бошад, дар 23 бозӣ 27 гол ва 3 партофт дорад.