Роналду ва Месси ба қатори 10 варзишгари машҳуртарин дар ҷустуҷӯи Google дар соли 2023 шомил нашуданд

Роналду ва Месси ба қатори 10 варзишгари машҳуртарин дар ҷустуҷӯи  Google дар соли 2023 шомил нашуданд

Ҳамлагари тими “Интер Майами” - Лионел Месси ва ҳамлагари “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ - Кришитану Роналду ба 10 варзишгари беҳтарине, ки дар соли 2023 дар Google ҷустуҷӯ шуда буданд, шомил нашуданд.

Ҷои аввалро аз рӯи пурсишҳо дар системаи ҷустуҷӯии Google дар NFL (футболи амрикоӣ) “Баффало Биллс” - ҳимоятгар Дамар Ҳамлин гирифт. Мавқеи дуюмро ҳамлагари фаронсавии “ПСЖ” - Килиан Мбаппе касб кард. Дар ҷои сеюм бозигари тими «Канзас-Сити Чифс» - (NFL) Травис Келс гирифт. Миёни футболбозон, ҳамлагари “Бавария”-и Мюнхен ва тими миллии Англия Ҳарри Кейн низ ба даҳгонаи беҳтарин шомил шуда, мақоми панҷумро касб кард. Баскетболбози тими “Мемфис” - Ҷа Морант дар ҷои чорум аст.

Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси соли 2023 барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуда буд. Ҳамлагари аргентинӣ тобистони соли гузашта, ҳамчун агенти озод ба “Интер Майами” гузашт. Криштиану Роналду бошад, аз моҳи январи соли 2023 дар тими “Ал-Наср” бозӣ мекунад. Қаблан, португалӣ дар ҳайати «Манчестер Юнайтед»-и Англия баромад мекард.