Россонери ба ҳимоятгари “Челси” таваҷҷӯҳ кардааст

Россонери ба ҳимоятгари “Челси” таваҷҷӯҳ кардааст

“Милан” гуфтушунидро бо “Челси” вобаста ба иҷора гирифтани Фикайо Томори оғоз кардааст.
Тибқи хабарҳои нашрияи бонуфузи “The Guardian”, россонери мақсади ба муҳлати 18 моҳ ба иҷора гирифтани бозингарро дорад. 
Бо вуҷуди ҳунарнамоии кам (ҳамагӣ 4 бозӣ дар ин мавсим), “Челси” ҳанӯз қарори ниҳоии худро доир ба мондан ва ё  ҷавоб додани Фикайо набаровардааст.
Ғайр аз “Милан” инчунин "Лидс" ва "Ньюкасл" низ, ба футболбоз таваҷҷӯҳ доранд.