Рубен Аморим сармураббии дастаи “МЮ” шуд

Дастаи "Манчестер Юнайтед" пас аз барканории Эрик тен Ҳаг дар бораи таъини мутахассиси португалӣ Рубен Аморим расман иттилоъ дод.
Аморими 39-сола аз соли 2020 «Спортинг»-ро роҳбарӣ мекунад ва ҳоло бо ин даста пешсафи ҷадвали Лигаи Португалия аст. Тими шаҳри Лиссабон таҳти роҳбарии ӯ ду бор қаҳрамони Португалия шуд, ду бор Ҷоми Лигаи Португалия ва як маротиба Суперҷоми кишварро ба даст овард.
Шартнома бо Аморим то соли 2026 ба тасвиб расид. Аморим дар бошгоҳи шаҳри Манчестер солона тақрибан 8 миллион евро маош мегирад. «Девҳои сурх» ба «Спортинг» барои мураббӣ 10 миллион евро пардохт мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28 –уми октябр «Манчестер Юнайтед» эълон кард, ки Эрик тен Ҳаг аз мақоми сармураббии даста барканор карда шуд. Пас аз 9 бозӣ ҳоло “Девҳои сурх” бо 11 имтиёз дар ҷадвали ПЛА дар ҷои 14-ум қарор доранд.