Руд ван Нистелрой сармураббии “Лестер” мешавад

Руд ван Нистелрой сармураббии  “Лестер” мешавад

Мутахассиси нидерландӣ Руд ван Нистелрой сармураббии дастаи “Лестер” мешавад. Дар ин бора Tengri Sport хабар додааст.

Дастаи 16-уми Премйер-Лигаи Англия «Лестер Сити» дар пайи мағлубият аз «Челси» сармураббӣ Стив Куперро аз мақомаш барканор кард. Ба иттилои расонаҳо, футболбози афсонавии «Манчестер Юнайтед» метавонад, ҷойгузини ӯ бошад.

Бояд гуфт, ки фаъолияти мураббии Руд ван Нистелрой аз қароргоҳи тими миллии Нидерланд оғоз шуда, соли 2022 бори аввал дар ПСВ мураббии мустақил шуд. 11-уми июли соли 2024 ӯ ёвари тен Ҳаг дар “Манчестер Юнайтед” шуд ва пас аз барканории мутахассис муваққатан то омадани ниҳоии мутахассиси португалӣ Рубен Аморим дастаро раҳбарӣ кард.