Рустам Ятимов қаҳрамонияшро бори дигар нишон дод

Рустам Ятимов қаҳрамонияшро бори дигар нишон дод

Дарвозабони 22 солаи тими миллии кишвар ва бошгоҳи “Истиқлол” - Рустам Ятимов беҳтарин бозигари бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 бар зидди дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (0:0) гардид. Ин голкипери ҷавон дар рафти бозӣ дастаашро аз чандин ҳолатҳои хавфи голзанӣ эмин нигоҳ дошт. Бояд иқрор шуд, ки ин нахустин ҳунарнамоии Рустам Ятимов дар чунин сатҳ мебошад.