Рустами Эмомалӣ бо Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус МД ТВ "Варзиш" бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар оғоз муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи нахустини меҳмон ва ҳайати ҳамроҳро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри зебои Душанбе самимона хайрамақдам гуфта, иброз намуданд, ки ин сафар қадами муҳим ва муассир дар самти таҳкими ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, бахусус гӯштин аст, ки аз ҷумлаи маъруфтарин ва маҳбубтарин намудҳои варзиш дар кишвари мо маҳсуб мешавад.
Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон кард, ки ҳамкорӣ дар ин самт бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хеле хубу муассир ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои ҳамкории минбаъда ва рушди навъҳои гӯштин дар Тоҷикистон муфассал мавриди баррасӣ қарор дода шуд.