Рюдигер: Ман аз ин амали анҷомдодаи соҳибмулкони “Челси” нисбати Тухел ҳайронам...

Рюдигер: Ман аз ин амали анҷомдодаи  соҳибмулкони “Челси” нисбати Тухел ҳайронам...

Дифоъгари дастаи “Реал Мадрид” – Антонио Рюдигер дар мусоҳибааш бо sport1.de аз тасмими соҳибмулкони “Челси” дар барканор кардани Томас Тухел гуфт.

“Онҳо  бо хости Тухел кор карданд, бозигароне, ки ӯ мехост хариданд ва баъдан яку якбора ӯро аз вазифа барканор карданд. Рости гап, аз ин кори роҳбарияти бошгоҳ ман дар ҳайрат мондам. Ман то ҳол инро дарк ва роҳи ҳалашро  фаҳмида наметавонам.

Рӯзи аз вазифа гирифтани Тухел рӯзи аламовар барои ман буд. Ман ба Томас навиштам ва аз ҳама хубиҳое, ки ҳамчун сармураббӣ ба ман кардааст, миннатдорӣ баён намудам.  Ӯ ҳама вақт дастгиру роҳнишондеҳи мо буд. Ин ба ҳама бозигарони “Челси” дахл дорад.

Ӯ дар вақти мураббии даста буданаш ҳама корро кард. Дастаро аз вазъияти душвор баровард  ва дастаро қаҳрамон кард. Медонед, чӣ дар футбол ҳама кор шуданаш мумкин аст. Имрӯз ту қаҳрамонӣ, фардо  бошад ҷои ханда”.

Ёдовар мешавем, ки Рюдигер тобистони имсол  ба сифати агенти озод аз “Челси” ба “Реал Мадрид” гузариш карда буд.