Саҳми бузурги Леброн Ҷеймс дар пирӯзии «Лейкерс» муқобили «Хюстон»

Саҳми бузурги Леброн Ҷеймс дар пирӯзии «Лейкерс» муқобили «Хюстон»

Имрӯз, 20-уми ноябр дар Лос-Анҷелеси ИМА дар маҷмааи варзишии «Крипто.ком Арена» бозии чемпионати даврии Ассосиатсияи Миллии Басткетбол (АМБ) доир шуд, ки дар он «Лос-Анҷелес Лейкерс»-и маҳаллӣ ва «Хюстон Рокетс» ба ҳам омаданд. Мизбонон бо ҳисоби 105:104 зафар ёфтанд.

НБА – чемпионати даврӣ

20-уми ноябри соли 2023, душанбе. 07:30 ДШБ

Лос-Анҷелес Лейкерс (Лос-Анҷелес) 105 : 104 Хюстон Рокетс (Хюстон)

Лос-Анҷелес Лейкерс: Ҷеймс - 37, Дэвис - 27, Ривз - 17, Хатимура - 11, Реддиш - 7, Расселл - 4, Принс - 2, Худ-Скифино, Вандербилт, Кристи, Хэйс, Вуд

Хюстон Рокетс: Брукс - 24, Шенгюн - 23, Ванвлит - 15, Смит II - 14, Грин - 13, Грин - 9, Тэйт - 4, Исон - 2, Сэмюэлс, Ландейл, Холидей, Уитмор, Хинтон, Баллок, Марянович

Натиҷабахштарин бозигари дидор ҳамлавари «Лейкерс» Леброн Ҷеймс гардид, ки дар ҳисобаш 37 хол, шаш бозёфт ва ҳашт партофти натиҷабахш мебошад. Ҳамдастаи ӯ Энтони Дэвис муаллифи дабл-дабл (27 хол, 10 бозёфт ва се партофти натиҷабахш) гардид. Дар радифи ин бозигарон боз ду нафари дигар беш аз 10 хол гирифтанд: Остин Ривз (17) ва Руи Хатимура (11).

Натиҷабахштарин бозигар дар ҳайати «Хюстон» ҳамлавар Диллон Брукс гардид, ки 24 хол, як бозёфт ва партофти натиҷабахш ба омор гирифт.