Сабаби марги Диего Марадона маълум шуд

Сабаби марги Диего Марадона маълум шуд

Нобиғаи футболи ҷаҳонӣ ва мунтахаби Аргентина - Диего Марадона дар хонаи худ дар Буэнос-Айрес бар асари сактаи қалб фавтид, гуфт вакили дифоъ ба Кларин. Санаи 11-уми ноябр Марадона аз беморхона ҷавоб дода шуда буд. Хабар дода шуд, ки пас аз рухсатӣ Марадона барои табобати нашъамандӣ ба клиника интиқол дода шудааст.

Диего бори охир дар назди мардум рӯзи 30-юми октябр дар бозии даври 1-уми чемпионати Аргентина дар бозӣ байни дастаҳои "Гимнасия ва Эсгрима" бо "Патронато" (3:0), ки ба 60-солагии Марадона бахшида шуда буд, ташриф оварда буд. Диего бинобар асари бемории худ то анҷоми бозӣ дар майдон боқӣ намонд. Марги Марадонаи бузург натанҳо ҷаҳони футбол балки ҷаҳонро такон дод.