Сабаби заҳролудшавии Карлсен пеш аз бозии финалии Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот маълум шуд
Сабаби заҳролудшавиии шоҳмотбози норвегӣ Магнус Карлсен дар пешорӯи бозии финалии Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Баку ғизои бесифат будааст. Дар ин бора ба нашрияи ТАСС президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) Аркадий Дворкович гуфтааст.
Дар рақобати финалӣ 16-умин қаҳрамони ҷаҳон дар тай-брейк Рамешбабу Прагнанандха аз Ҳиндустонро шикаст дод. Баъди даври аввали маъмулии финалӣ Карлсен шикоят кард, ки бо сабаби заҳролудшавӣ ду рӯз таом истеъмол карда наметавонист.
«Магнус гуфт аз таоме заҳролуд шудааст, ки дар меҳмонхона фармоиш дода буд. Воқеан дар вақти бозии финалӣ худро бад эҳсос мекард ва ин баръало ба чашм мерасид, вале ин мушкилро ӯ паси сар карда тавонисту ба пирӯзии зебое даст ёфт.
Магнус хушҳол аст, ки бори нахуст дар Ҷоми ҷаҳон зафар ёфт. Дар маросими ҷоизасупорӣ зиёд табассум мекард, фаълона соядаст мемонд ва бо кӯдакон аксгирӣ менамуд. Дар умум бар замми чанде аз ҳолатҳои мушкил кулли роҳи мусобиқаро бо боварии бузург тай кард ва ба таври арзанда ба пирузӣ расид», — иқтибос меорад аз суханони Дворкович нашрияи ТАСС.