Сафари гурӯҳи кории комиссияи ФФТ ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент

Сафари гурӯҳи кории комиссияи ФФТ ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаҳо ба мавсими нави футбол ва иҷроиши дастуру супоришҳои протоколии ҷаласаи Президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент дидан кард.

Дар нимаи аввали рӯз ҳайати кории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқоти корӣ доир намуд. Ҷонибҳо дар бораи омодагии дастаи «Хуҷанд» ва варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон сухан карданд. Дар идомаи суҳбат раиси шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамаҷониба бошгоҳи «Хуҷанд»-ро дастгирӣ менамояд. Инчунин сармураббии нави даста мутахассиси тоҷик Рустам Хоҷаев, ки қаблан дар ин даста кор намуда буд ба даста ҷалб гардид. Корҳои ободонӣ дар варзишгоҳ оғоз гардида, барои насби нурафканҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмиллалӣ роҳбарият корбарӣ дорад. Таблои замонавӣ бошад дар варзишгоҳ чанд сол пеш насб гардида буд. 

Сипас ҳайати комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафар намуда, бо раиси шаҳри мазкур Абдухолиқ Холиқзода вохӯрданд. Дар мулоқот қайд карда шуд, ки баромади фаъоли дастаи «Саразм» дар Лигаи дуюми мамлакат ва роҳ ёфтани ин тим ба Лигаи якум мардуми футболдустдори шаҳри Панҷакентро руҳбаланд намуда, шавқи онҳро ба футбол боз дучанд намуд. Дар рафти вохӯрӣ Абдухолиқ Холиқзода ба гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ваъда дод, ки дастаи «Саразм»-ро пурра дастгирӣ намуда, дар мавсими нави футбол барои роҳ ёфтан ба Лигаи олии кишвар талош мекунад. 

Баъди анҷоми мулоқот гурӯҳи кории ФФТ бо намояндаҳои дастаи «Саразм» аз варзишгоҳи марказии шаҳр дидан карданд. Мутахассисони шуъбаи кор бо иншоотҳои варзишии ФФТ камбудиҳои ҷойдоштаро ба масъулин нишон доданд ва то санҷиши навбатии варзишгоҳ муҳлат барои рафъи камбудиҳо дода шуд.