Сафари мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Бангкок

Сафари мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Бангкок

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25-ум то 30-юми июл баргузор мешавад, имрӯз ба Бангкок сафар кард. Якҷоя бо даста 14 бозигар ба Таиланд рафтанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои миллии Миср (25 июл), Эрон (26 июл) ва Литва (27 июл) бозӣ мекунад. Тибқи низомномаи мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ ду дастагӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021»:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов;

Бозигарон: Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Дилшод Саломов, Рустам Ҳамидов, Умед Кузиев, Иқбол Воситзода, Бахтиёр Солиев ".

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.