Салам Ашурмамадов корномаи футболбозиашро дар Португалия идома медиҳад

Салам Ашурмамадов корномаи футболбозиашро дар Португалия идома медиҳад

Нимҳимоятгари 19-солаи мунтахаби ҷавонон ва тими миллии Тоҷикистон Салам Ашурмамадов бо бошгоҳи «Думиенсе», ки дар дивизиони чаҳоруми Португалия баромад мекунад, шартнома баст.

Дар чемпионати Тоҷикистон Ашурмамадов дар бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Истаравшан» бозӣ кардааст. Дастаи охирини ӯ «Броук Бойз» буд, ки шомили Медиалигаи Русия мебошад.

Бошгоҳи нави Салам Ашурмамадов дар гурӯҳи «А»-и дивизиони чаҳоруми Португалия дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.