Салоҳ ба Бозиҳои Олимпии Токио меравад

Салоҳ ба Бозиҳои Олимпии Токио меравад

Мунтахаби олимпии футболи Миср, ҳамлагари “Ливерпул” – Муҳаммад Салоҳро ба ҳайати худ шомил намуд. Роҳбарияти футболи Миср мақсад доранд, ки беҳтарин футболбози кишвар дар Бозиҳои Олимпии тобистонаи Токио-2020 ширкат намояд. Агар ӯ ба ҳайати олимпии Миср ҷалб шавад, пас “Ливерпул”-ро дар оғози мавсими Премйр лигаи Англия кӯмак карда наметавонад.