Салоҳ бар зидди коронавирус саҳми хешро гузошт

Салоҳ бар зидди коронавирус саҳми хешро гузошт

Ҳамлавари бошгоҳи "Ливерпул" Муҳаммад Салоҳ бар зидди вируси COVID-19 дар Миср 1 млн € кӯмаки хайриявӣ кард. Дар ин бора вазири пешинаи варзишии Миср Холид Абдулазиз иттилоъ медиҳад.

"Ин рафтори Салоҳ воқеан ватандӯст будани ӯ ва яке аз муваффақтарин ва маҳбубтарин варзишгари кишвари мо буданашро тақозо медиҳад".

То имрӯз дар Миср 366 нафар ба коронавирус мубтало гардида, аз ин шумора 19 нафар вафот кардаанд.