Самарқанд мизбони Қаҳрамонии ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозӣ ва барқвор мегардад

Президенти ФИДЕ Аркадий Дворкович Ӯзбекистонро абаркишвари шоҳмот номид. Самарқанд Чемпионати ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозӣ ва барқворро қабул мекунад, иттилоъ доданд дар ФИДЕ.
Мусобиқа аз 26-ум то 30-юми декабр доир шуда, интизор меравад, ки шоҳмотбозони беҳтарини ҷаҳон аз миёни мардону бонувон дар он ширкат намоянд. Қобили қайд аст, ки дар шаҳри Самарқанд соли 1977 қадимтарин мӯҳраҳои шоҳмотро ёфтаанд, ки ба қарнҳои 6-8 то мелод нисбат дода мешаванд.
ФИДЕ анъанаи ғании шоҳмотбозӣ дар Ӯзбекистон ва ба абаркишвари шоҳмот табдил ёфтани ин кишварро эътироф мекунад. Шаҳри Тошканд олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмотро дар соли 2026 қабул намуда, баргузории чунин мусобиқаҳои бузург аз зумраи чемпионати ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозӣ ва барқвор бешубҳа такони ҷиддӣ мебахшад, — президенти ФИДЕ Аркадий Дворкович.
Ӯзбекистон дар олами шоҳмот ба рушди босуръат даст ёфт. Дар сабқати чанде пеш сипаришудаи ФИДЕ Grand Swiss се бозигари ӯзбек шомили топ-20 шуданд, ки ин ҳам иштироки назарраси ин кишварро дар қуллаи пешрафт нишон медиҳад. Боиси қайд аст, ки кишвари мазкур дар олимпиадаи шоҳмоти соли 2022 миёни 188 кишвари рақобаткунанда пирӯзӣ ба даст оварда, дар чемпионати даставии ҷаҳон баъди Чин зинаи дуюмро ишғол кард.
Айни ҳол дар ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон чор бозигар шомили садгонаи беҳтарини ҷаҳон буда, инҷо метавон аз Нодирбек Абдусатторов ҳарф зад, ки соли 2021 ҷавонтарин шоҳмотбозе гардид, ки унвони қаҳрамонии ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозиро (дар синни 17-солагӣ) ба даст овард.
Пештар иттилоъ дода мешуд, ки чемпионати ҷаҳон оиди шоҳмоти зудбозӣ бояд дар шаҳри Тошканд бояд доир мешуд.