Сана ва макони рақобати Тайсон ва Холифилд дақиқ шуд

Сана ва макони рақобати Тайсон ва Холифилд дақиқ шуд

Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори бокс Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шудааст.
Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду боксчӣ машҳур имкон дорад санаи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Чанде пеш ҳарду нобиғаи бокс аз бозгашташон ба майдон хабар дода буданд. Қаблан Тайсон ва Холифилд бо ҳамдигар ду маротиба рақобат карда буданд. Холифилд дар дидори аввал ғолиб омада, Тайсонро ба таври техникӣ мағлуб кард.