Санаи баргузории набарди Конор ва Порйе маълум шуд

Санаи баргузории набарди Конор ва Порйе маълум шуд

Дар бораи набарди рақибон - Конор Макгрегори ирландӣ ва Дастин Порйеи амрикоӣ созишнома баста шуд. Қарор аст, ки муборизаи мазкур санаи 23-юми январ дар "Ҷазираи Рақобатҳо" -и Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шавад.

Конор Макгрегор ва Дастин Порйе рӯзи 23-юми январ дар мусобиқаи UFC 257 мубориза мебаранд. Разми мазкур барои ягон унвони қаҳрамонӣ нахоҳад буд. Ба гуфтаи роҳбари UFC Дана Уайт, Ҳабиб Нурмагомедов қаҳрамон боқӣ мемонад.

Макгрегор ва Порйе ният доштанд, ки рӯзи 12 декабр дар шаҳри Дублин спарринг кунанд, аммо роҳбари ин ташкилот ба хулосае омад, ки як рақобати бузург байни ин варзишгаррон гузаронида шавад. Ҳарифон аллакай соли 2014 бо ҳам вохӯрда буданд, ки дар он разм Макгрегор бо нокаут пирӯз шуда буд.