Санаи баргузории рақобати Ҷошуа ва Фюри маълум шуд

Санаи баргузории рақобати Ҷошуа ва Фюри маълум шуд

Қаҳрамони феълии WBA, IBF, WBO ва IBO дар вазни гарон Энтони Ҷошуа дар бораи ташкили мубориза бо дорандаи унвони WBC Тайсон Фюри сӯҳбат кард.

"Моҳи июн ин рақобат бояд баргузор шавад. Ба ман бовар кунед. Ин рақобат бояд барои мухлисон ва барои одамоне, ки моҳҳо боз интизорӣ кашиданд, ин як тӯҳфаи бузург аст. Ташаккур ба Фюри ва дастаи ӯ. Британияи, бархезед. Ман то оғози рақобат интизор шуда наметавонам", —гуфт Ҷошуа.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ҷошуа ва Тайсон Фюри барои баргузории як муборизаи унвонӣ дар соли 2021 ба мувофиқа расидаанд.

Рӯзи 12-уми декабри соли 2020 Ҷошуаи 31-сола бо шикаст додани Кубрат Пулеви булғорӣ камарбанди WBA (Super), WBO, IBF ва IBO-ро ҳимоя кард.