Санаи баргузории қуръакашии тақвими Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 муайян шуд

Санаи баргузории қуръакашии тақвими Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 муайян шуд

Қуръакашии тақвими Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 рӯзи ҷумъаи 12-уми март, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд. Қуръакашӣ дар Марказии таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мегардад. Оғозӣ чорабинӣ – соати 10:00 нақшагузорӣ шудааст. Ба ғайр аз роҳбарони дастаҳо, барои иштирок намудан дар ин чорабинӣ ва шоҳиди бевоситаи шаффофитяи баргузории он шудан, Лигаи футболи Тоҷикистон намояндагони фан-клубҳои лигаи олиии кишварро ҳам даъват намудааст.

Дар сиюмин қаҳрамонии ҷашнии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олии малакат имсол даҳ даста – «Истиқлол», КМВА, «Душанбе-83» (ҳарсе аз Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ) ва «Равшан» (Кӯлоб) ширкат мекунанд.

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 рӯзи 4 апрел шурӯъ шуда, дар се қисм баргузор мешавад ва ба ин тартиб, дар доираи баргузории он ҳар даста 27 бозӣ мегузаронад. Тибқи Низомномаи чемпионат дастаҳои зинаҳои нуҳӯм ва даҳуми мусобиқаро ишғолнамуда, ба лигаи якум мегузаранд ва ду дастаи ҷойҳои якуму дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2021, дар мавсими футболи соли 2022 дар лигаи олӣ баромад мекунанд.