Санаи ифтитоҳи Маҷмааи универсалии варзишӣ дар Душанбе маълум гардид

Санаи ифтитоҳи Маҷмааи универсалии варзишӣ дар Душанбе маълум гардид

Дар арафаи  Иди байналмилалии  Наврӯз — 2020  дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, - иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон. Ин маҷмаа ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ  сохта шудааст.  Маҷмааи варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  дар кӯчаи Карамови ноҳияи  Исмоили Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём», байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд гардидааст. Манбаъ меафзояд, ки баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  маҷмааи мазкур   беш аз 600 нафар  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Айни  замон корҳои сохтмонии  маҷмааи варзишӣ пурра ба  итмом  расида, васлу насби таҷҳизоти он дар арафаи анҷом қарор дорад.
Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ буда,  ҳар кадоме  аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.
Ҳамчунин дафтари матуботи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон  қайд намудааст, ки то имрӯз  барои бунёди ин маҷмааи варзишӣ 850 миллион сомонӣ масраф шудааст.