Санчес шояд дигарбора ба “Барселона” баргардад
Имрӯз мулоқоти раҳбарияти “Барселона” ва агенти ҳамлагар Алексис Санчес баргузор мешавад, навиштааст рӯзноманигор Хосе Томас Фернандес дар “Твиттер”.
Имконияти имзои шартномаро муҳокима мекунанд. Каталониҳо ҷойгузини Усмон Дембелеро меҷӯянд ва ин футболбози 34-солаи чили, ки шартномааш бо «Марсел» ба охир расидааст, як вариант аст.
Қаблан дар бораи таваҷҷуҳи ду дастаи Арабистони Саудӣ ба Санчес хабар дода шуда буд.
Санчес дар мавсими гузашта, дар тамоми мусобиқот 44 бозӣ анҷом дода, 18 гол ва 3 партофти головар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Санчес дар мавсими гузашта, дар ҳайати “Марсел” 44 бозӣ анҷом дода, 18 гол ва 3 партофти головар кардааст. Санчеси 34 сола қаблан дар ҳайати дастаҳои “Барселона”, “Арсенал”, “Манчестер Юнайтед” ва “Интер” ҳунарнамоӣ кардааст.