Санчо аз мавқеи хеш дар “МЮ” розӣ нест ва омодаи тарки бошгоҳ аст

Санчо аз мавқеи хеш дар “МЮ” розӣ нест ва омодаи тарки бошгоҳ аст

Дастаи «Боруссия»-и Дортмунд имконияти имзокунии шартнома бо бозигари канории дастаи «Манчестер Юнайтед» ва мунтахаби Англия Ҷейдон Санчоро дар равзанаи зимистонаи трансферӣ баррасӣ мекунад, иттилоъ медиҳад ESPN.

Тибқи иттилоъи сарчашма «занбӯрҳо» омодаи иҷорагирии бозигар хоҳанд буд, ба шарте, ки агар “Девҳои сурх” як қисмати маоши бозигарро пардохт намоянд. Айни замон маоши футболбози англис ҳафтаина 325 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Худи Санчо аз мавқеи хеш дар ҳайати дастаи “Манчестер Юнайтед” зери роҳбарии тен Ҳаг розӣ нест. Сармураббӣ ба ӯ имкони ками бозиро медиҳад, гарчанде ӯ аз зумраи бозигарони калидии тим маҳсуб мешавад.

Мавсими ҷорӣ Санчо дар сафи «Манчестер Юнайтед» ҳамагӣ се бозӣ гузаронида, ҳеҷ амали натиҷабахш дар омор надорад. Пештар бошад вобаста ба ҷанҷолҳо бо сармураббии тим аз ҳайати асосӣ берун карда шуд. Шартномаи бозигар бо «девони сурх» то охири моҳи июни соли 2026 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз ба қавли сомонаи Transfermarkt 32 млн евро мебошад.