“Сантос” дар финали Ҷоми Либертадорес

“Сантос” дар финали Ҷоми Либертадорес

“Сантос” бо ҳисоби 3:0 дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Либертадорес “Бока Хуниорс”-ро мағлуб кард. Голҳои бозиро Диего Питука (дақиқаи 16-ум), Йеферсон Сотелдо (49), Лукас Брага (51) ба самар расониданд. "Бока Хуниорс" шуруъ аз дақиқаи 56-ум баъди корти сурх гирифтани Франк Фабра бо шумораи кам майдондорӣ мекард.
Бозии аввали даври ниманиҳоӣ бо ҳисоби 0:0 хатм шуда буд. Дар финали Ҷоми Либертадорес “Сантос” бо “Палмейрас” рӯ ба рӯ мешавад. Дар таърихи мусобиқа бори сеюм аст, ки ду дастаи бразилӣ дар финал бозӣ мекунанд. 
Сабқати ниҳоии Ҷоми Либертадорес  рӯзи 31 январ баргузор мешавад.