“Сарбанд” дар майдонаш имтиёз аз даст дод

“Сарбанд” дар майдонаш имтиёз аз даст дод

Дирӯз як бозии мавқуфгузоштаи даври нуздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардиданд. Дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён дар ин вохӯрӣ тими “Сарбанд”-ро дучори бохт намуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи шаҳри Левакант баргузор гардида, бо ҳисоби 7:4 ба нафъи меҳмонон ҷамъбаст гардид. Чор голи ғолибонро Саидмуҳиддин Сайдмуртазоев (16, 18, 23, 56) зад. Ду голи дигарро Ҳикмат Розиқов (15, 30) дар қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонид. Муаллифи як голи дигар Иззат Иброҳимов шуд. Голҳои соҳибони майдонро Саидшоҳ Бозоров (21) ва Некрӯз Назаров (48, 63, 83) ба дарвозаи меҳмонон ворид намуданд.

“Сарбанд” - “Кӯшон” 4-7

Боиси тазаккур аст, ки рӯзи 8 ноябри соли равон дар назар аст, ки дастаҳои “Барқ” - “Сарҳадчӣ”, “Шоҳин”- “Пахтакор” бо ҳам рақобат мекунанд.

Манбаъ: https://www.facebook.com/groups/1688797544762637/