“Сардор” ва “Хуҷанд” барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2026 ба ҳам меоянд!
Финали Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2026 рӯзи 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Бозӣ соати 17:30 дақиқа оғоз мегардад.
Аз як тараф, “Хуҷанд” — дастае, ки бо ҳисоби умумии 6:3 «Равшан»-и Кӯлобро дар марҳилаи нимниҳоӣ аз роҳ дур кард. Аз тарафи дигар, “Сардор”-и Турсунзода — дастае, ки бо пирӯзии умумии 3:1 дар марҳилаи нимниҳоӣ бар “Эсхата” таърих сохт ва бори аввал ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт!
Агар “Сардор” бори аввал дар таърихи чаҳор солааш ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта бошад, пас “уқобон”-и соҳили Сир бори 8-ум ба финали ин мусобиқа расиданд.
“Хуҷанд” охирин маротиба соли 2024 ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, аз тими “Регар-ТадАЗ” мағлуб шуда буд. 6 сол пеш бошад, “Хуҷанд” бо мағлуб кардани “Истиқлол” соҳиби Ҷом гардид. Ин бори охир буд, ки Ҷоми Тоҷикистон ба Хуҷанд рафта буд. “Хуҷанд” дар умум панҷ маротиба соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудааст.
Серҷоизатарин дастаи мусобиқа – “Истиқлол” се мавсим мешавад, ки ҷомро ба даст оварда наметавонад. Онҳо қаҳрамони 10 каратаи мусобиқа буда, дар мавсими имсола аз “Хуҷанд” мағлуб шуданд.
Рустам Хоҷаев, ки солҳои зиёд дар тими “Хуҷанд” фаъолият дошт, акнун дар финал бо “Сардор” баҳри навиштани таърихи нав андари майдони рақобат мешавад. Тасаввур кунед, ки “Сардор” дар мавсими дебютӣ дар Лигаи олӣ ҳамчунин ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардад ва мавсими оянда дар мусобиқаи сеюмдараҷаи футболи бошгоҳии Осиёӣ иштирок кунад. То куҷо ба ин руъё мутахассиси сербӣ Милан Миланович иҷоза медиҳад. Оё “Хуҷанд”, ки имсол 50 солагии дастаро таҷлил мекунад бо ба даст овардани ҷом армуғоне барои мухлисон хоҳад кард? Ба ҳамаи ин суолҳо мо дар финал посух хоҳем ёфт.
Ёдовар мешавам, ки фонди умумии мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби 200 ҳазор сомонӣ ва иштирокчии бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ ба даст меорад. Қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода маҳсуб мешавад.

Ҳамаи финалҳои Ҷоми Тоҷикистон (1992-2026):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0 (пеналти 5:3)
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0 (пеналти 3:2)
1996/1997 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. (пеналти 4:2)
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қурғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қурғонтеппа) – 1:1 (пеналти 3:1)
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1 (пеналти 5:6)
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. (пеналти 6:5)
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. (пеналти 3:2)
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. (пеналти 4:2)
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2022 – «Истиклол» (Душанбе) – «Куктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. (пеналти 5:4)
2023 – «Истиклол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:1. (пеналти 4:2)
2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2025 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 5:0
2026 –– «Сардор» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) ?–?
