Сармураббии “Барселона” намехоҳад бо “МЮ” дар Лигаи Чемпионҳо рӯ ба рӯ шавад

Сармураббии “Барселона” намехоҳад бо “МЮ” дар Лигаи Чемпионҳо рӯ ба рӯ шавад

Сармураббии бошгоҳи “Барселона” Эрнесто Валверде вохӯрии аввалинашро дар чорчубаи бозиҳои Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо дар зидди “Манчестер Юнайтед” бо пирӯзӣ оғоз кард. Дидор байни дастаҳо бо ҳисоби 1:0 ба нафъи нилунориҳо хотима ёфт ва голи ягонаи ин дидорро ҳамлагари бразилӣ Неймар ба номаш муҳр зад.

“Аз натиҷа  бар муқобили “МЮ” мо розӣ ҳастем. Мо як бозии дӯстона анҷом додем. Ба бозии дӯстона нигоҳ накарда, мо ҳама имконияти ғалабаро ба даст гирифтем. “МЮ” – аз ҷумлаи дастаҳои пурқувват мебошад, ки Ҷоми Лигаи Аврупоро ба даст овард. Ман мебинам, ки “МЮ” дар вақтҳои охир яке аз номзадҳои асосӣ дар Лигаи Чемпионҳо мебошад. Мағлуб сохтани дастаи “МЮ” барои ҳамаи дастаҳо хеле мушкил аст. Ман намехоҳам, ки дар Лигаи Чемпионҳо бо ин даста   рӯ ба рӯ шавам”,- иқтибос меорад Marca  аз ҷумлаҳои Валверде.