Се фарзанди Ҳарри Кейн пас аз садамаи нақлиётӣ ба беморхона интиқол дода шуданд

Се фарзанди Ҳарри Кейн пас аз садамаи нақлиётӣ ба беморхона интиқол дода шуданд

Се фарзанди Ҳарри Кейн дар як садамаи нақлиётӣ дар Олмон осеби ҷисмонӣ бардоштанд. Ҳодиса дар шаҳри Мюнхен рӯзе рух дод, ки капитани тими миллии Англия бо “Бавария” барои бозии Лигаи Чемпионҳо муқобили “Арсенал” ба шаҳри Лондон сафар карда буд.

Ба гузориши хабаргузории Bild, садама дар як минтақаи Мюнхен нимаи рӯзи душанбе   рух дод, ки мошини Renault бо микроавтобуси дар пешистодаи Mercedes ҳангоми кӯшиши баромадан аз роҳи мошингард, бархӯрдааст.

Фарзандони Кейн - Луи, Вивйен ва Айви, ки дар як микроавтобус буданд. Пас аз садама онҳоро тавассути ёрии таъҷилӣ ба наздиктарин беморхона интиқол доданд. Дар натиҷа фарзандони Кейн ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд ва ҳама солим мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки "Бавария" дар бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар Лондон бо дастаи "Арсенал" бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карда буд. Кейн онҷо яке аз голҳоро ба дарвозаи тими шаҳри Лондон зад. Ин голи 15-уми ӯ дар бозиҳои муқобили “Арсенал” буд.