Се имтиёзи пурмашақати “Севиля”

Се имтиёзи пурмашақати “Севиля”

Ба даври 34-уми Ла Лигаи Испания бозии “Севиля” – “Эйбар” хотима бахшид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Рамон Санчес Писхуан” баргузор гардида, бо ҳисоби 1:0 ба суди “андалусиягиҳо” ба анҷом расид. Голи ягонаи дидорро дар дақиқаи 56-ум Лукас Окампос пас аз партофти олии капитани даста Хесус Навас ба самар расонд.

Дар дақиқаҳои охирини майдондорӣ дарвозабони “Севиля” Томаш Ватслик осеби ҷиддӣ бардошта, бозиро идома дода натавонист. Чун Хулен Лопетеги, сармураббии “Севиля”, то ба он дам имконияти иваз кардани 5 футболбозро аллакай истифода бурд, ба хати дарвоза Лукас Окампос истод, ки дар лаҳзаи навбатӣ “сэйви” хоси дарвозабонҳои ботаҷриба кард ва ба дастааш пирӯзӣ овард.