Се корти сурх ва ҳафт гол дар бозии Ҷоми Италия

Се корти сурх ва ҳафт гол дар бозии  Ҷоми Италия

Рақобати даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Италия миёни дастаҳои “Фиорентина” ва “Наполи” баргузор шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Диего Армандо Марадона (Сан Паоло)»-и Неапол (Италия) бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи “бунафшиҳо” анҷом ёфт.

Душан Влахович дар дақиқаи 41-ум ҳисобро боз кард. Баъди 3 дақиқа Дрис Мертенс ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 57-ум Кристиано Бираги меҳмононро пеш баровард. Аммо мизбонон бори дуюм тавонистанд ҳисобро баробар кунанд. Гол дар дақиқаи 95-ум аз сӯи Андреа Петаня зада шуд.

Чун дастаҳо дар вақти асосӣ ғолибро муайян карда натавонистанд, кор ба замони изофӣ (экстратайм) кашида шуд. Дар идома Лоренсо Венути, Кшиштоф Пёнтек ва Юсуф Мале 3 дафъа ба дарвозаи “Наполи” гол зада ҳисоби умумиро 2:5 намуданд. Ба ин тартиб “Фиорентина” роҳхати даври ¼-ниҳоии Ҷоми Италияро соҳиб шуд.

Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни бозӣ 3 футболбоз аз майдон хориҷ карда шуданд. Инҳо дарвозабони меҳмонон Бартоломей Дранговский ва ду футболбози “Наполи” Ирвин Лосано ва Фабиан Руис мебошанд.