“Селта” дар сафар аз “Атлетико” имтиёз ситонид

“Селта” дар сафар аз “Атлетико” имтиёз ситонид

Дар идомаи бозиҳои дари 5-уми Ла Лига бошгоҳи “Атлетико” Мадрид тими “Селта”-ро пазируфт. Бозӣ дар варзишгоҳи “Ванда Метрополитано” доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0-0 хотима ёфт. Қатъи назар аз ин мусовӣ “Атлетико” ба зинаи дуюми ҷадвал баромад. Дар ҳисоби шогирдони Диего Симеоне ҳоло 10 имтиёз аст. Ҳамин миқдор имтиёз дар ҳисоби дастаи пешсафи ҷадвал “Севиля” низ дида мешавад, ки дар ин давр бо “Реал Мадрид” бояд дидор анҷом диҳад. “Селта” ҳоло бо касби 5 имтиёз дар зинаи 14-ум қарор гирифтааст.