Сенсатсия дар “Тёрф Мур”

Сенсатсия дар “Тёрф Мур”

Яке аз бозиҳои охирини даври 23-юми премйер-лигаи  Англия дастаҳои “Бёрнли” ва “Лестер”-ро ба ҳам овард. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Тёрф Мур” – и шаҳри Бёрнли сурат гирифта, бо ғалабаи дастаи мизбон ба поён расид. 
Пеш аз рақобат коршиносони соҳа бо як садо ғалабаи дастаи “Лестер” –ро пешгӯӣ намуданд. Ҳисоби нимаи аввали майдондорӣ пешгӯии коршиноснро тасдиқ кардан тавонист. Дар дақиқаи 33-юми майдондорӣ Харви Барнс дастаи “Лестер” –ро пешсаф гардонд. 
Нимаи дуввумро бозигарони “Лестер” фаъол оғоз намуданд, аммо бо гузашти чанд дақиқа мизбонон рафти бозиро баробар карданд. Дар чанд ҳолат дарвозабони “Бёрнли” Ник Поуп дастаашро аз голи муқаррар наҷот дод. Дар дақиқаи 56-ум Крис Вуд гол зада, вазъияти мавҷударо барқарор намуд. Брендан Роҷерс ба голи мизбонон амали ҷавобӣ нишон дода, Келечи Ихеаначо ва Юри Тилемансро ба майдон ворид намуд. Қатъи назар аз он, ки будани ин футболбозон як тозагӣ ба хати ҳуҷуми “Лестер” бахшид, онҳо ҳам ғалабаи дастаашро таъмин накарданд. Нимҳимоягари дастаи “Бёрнли” Эшли Вествуд аввалин голи худро дар мавсими имсола ба ҳадаф расонда, дастаи мизбонро пешсафи ин дидор гардонд. 
Ҳамин тариқ дидори дастаҳо бо натиҷаи 2-1 ба нафъи мизбонон ба анҷом расид. Пас аз ин ғалаба “Бёрнли” бо 27 хол дар зинаи 14-ум ва “Лестер” бо 45 хол дар зинаи 3-юм қарор доранд.