Серҷоизатарин футболбозро ба дигар маҳбас интиқол доданд

Серҷоизатарин футболбозро ба дигар маҳбас интиқол доданд

Ба гузориши хабаргузории Marca, футболбози бразилӣ Дани Алвес, ки дар таҷовуз ба номуси духтар муттаҳам шуда буд,  ба утоқи нави зиндони шароити беҳтаршуда интиқол ёфт.

Ба иттилои манбаъ, дар маҳбаси нав Алвес як ҳуҷраи алоҳида бо шароитҳои беҳтарро дар ихтиёр хоҳад дошт, ки ин барои бехатарии бозигар аст.

Ёдовар мешавем, ки Дани Алвес дар таҷовуз ба номуси духтаре дар яке аз клубҳои Барселона дар охири моҳи декабр муттаҳам гардид. Ҳоло Дани Алвес бидуни гарав ба ҳабс гирифта шуд ва бошгоҳи мексикоӣ "Пумас" шартномаро бо ин бозигар бекор кард.  Футболбози 39-сола  ҳоло мунтазири додгоҳ аст.

Дар сурати исбот накардани  гуноҳ, Алвесро  аз 4 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.