Сербия аввалин шуда ба финали ҶҶ оид ба баскетбол баромад!

Сербия аввалин шуда ба финали ҶҶ оид ба баскетбол  баромад!

Дар варзишгоҳи «Молл оф Азия-Арена»-и Филиппин бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳон оид ба баскетбол (FIBA-2023) миёни мунтахабҳои Сербия ва Канада ба анҷом расид. Вохӯрӣ бо ҳисоби 95:86 ба фоидаи сербҳо анчом ёфт.

Аз оғоз то анҷоми бозӣ баскетболбозони мунтахаби Сербия дар ҳисоб пешгом буданд ва тавонистанд, ки ғалабаи боварибахш ба даст оварда, дилпурона ба финали мусобиқа роҳ ёбанд.

Бозингари сермаҳсул дар ҳайати тими миллии Сербия Богдан Богданович буд, ки 23 хол кор кард. Ӯ инчунин чаҳор бозёфти тӯб ва се ассист дар ҳисоб дошт. Дар ҳайати мунтахаби Канада Ар Ҷей Барретт аз ҳама бештар имтиёз кор кард. Дар ҳисоби ӯ 23 имтиёз буд.

Ҳамакнун, дар финал Сербия бо ғолиби ҷуфти ИМА ва Олмон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо бегоҳии имрӯз доир мегардад. Канада барои ҷои сеюм муборизаро идома медиҳад.

Ҷоми Ҷаҳон 2023 якбора дар се кишвар Индонезия, Ҷопон ва Филиппин доир гардида истодааст. Мусобиқа то 10-уми сентябр давом мекунад. Қаҳрамонии феълии ҷаҳон тими миллии Испания мебошад.