Серия А барои Роналду хотима ёфт

Серия А барои Роналду хотима ёфт

Дастаи «Ювентус» ҳайати пурраашро дар бозии даври ниҳоии Серия А бар зидди «Рома» эълон намуд. Ба ин рӯйхат ҳамлавар Криштиану Роналду шомил нашудааст. Ҳамин тавр Роналду имконияташро барои ба даст овардани “Кафши тиллоӣ” аз даст дод. Ҳоло дар ҳисоби Роналду 31 гол ба қайд гирифта шудааст. Акнун ин ҷоиза насиби ҳамлавари дастаи «Латсио» - Чиро Иммобиле гардид, ки ӯ бо 35 голи задааш дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои топ-5 чемпионатҳои аврупоӣ қарор дорад. Аммо Иммобиле ҳанӯз имкон дорад, ки боз шумораи голҳояшро афзун намояд, зеро «Латсио» имрӯз бо тими “Наполи” рақобат мекунад.